«Мо, ҷавонон аз ташаббусҳои Пешвои миллат ифтихор дорем!»
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 18 январи соли равон бо иштироки Маҳфили стипендиагирандагони ҷавони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавзӯи «Мо ҷавонон аз ташаббусҳои Пешвои миллат ифтихор дорем!» суҳбат доир гардид.
Сараввал иштирокчиён муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми кишвар доир ба пурра аз байн бардоштани меъёри маҳдудияти таъмини аҳолӣ неруи барқ тамошо намуда, атрофи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат суҳбат намуданд.
Саъдулло Юсупов, роҳбари Маҳфил аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки байни атрофиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро ба самаранок истифода бурдани неруи барқ даъват намоянд.
Ҳамчунин иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон-наҷотбахши сайёра», «Эмомалӣ Раҳмон-муаррифгари Тоҷикистони муосир дар ҷаҳон», «Об-манбаи ҳаёт», «Роғун-ҳаёту мамоти Тоҷикистон» , «Роҳ-пайвандгари қарнҳо», «Истиқлолияти энергетикӣ-орзуву умеди мардуми тоҷик» доир ба ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумати кишвар андешаҳояшонро баён намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






