Муҳаммадюсуф Имомзода: «Ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаштанд»

Январь 10, 2017 14:10

ДУШАНБЕ, 10.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Қадами асосии донишгоҳ дар роҳи ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот- ин гузариши пурраи ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва ба ин васила дар соли 2016 гузариши ихтисосҳои магистратура ва таҳсили ғоибона ба ин низом мебошад. Дар ин замина аз ҷониби раёсати донишгоҳ 98 адад нақшаҳои таълимии дараҷаи бакалавр ва 33 адад нақшаҳои таълимии зинаи магистратура тибқи талаботи насли нави Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия карда шуд. Ин нуктаро имрӯз дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба хабарнигорон иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ дастоварди муҳими донишгоҳ дар соли 2016- ин гузаронидани натиҷагирии фаъолияти донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорон пурра аз тариқи журналҳои электронӣ мебошад. «Аввалин маротиба дар пояи факултетҳои донишгоҳ марказҳои тестии назди факултетҳо таъсис дода шуд ва ин марказҳо ба шабакаи ягонаи компютерӣ пайваст гардиданд, ки ин иқдоми наҷиби раёсати донишгоҳ дар самти ҷоннок намудани корҳои таълимию методӣ мебошад»,-гуфт мавсуф.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф санҷиши сифати таҳсилот гузаронида шуд ва сатҳи азхудкунӣ 70,4%-ро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи се сол қабл (67,3%) 3,1% баланд буда, аз сол то сол зиёд шудани сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки айни ҳол шумораи донишҷӯён дар ДМТ 23 ҳазору 131 нафарро ташкил дода, дар шуъбаи рӯзона 17 ҳазору 545 нафар, дар шуъбаи ғоибона 5196 нафар ва 390 нафар дар магистратура ва доктор Ph.D таҳсил мекунанд.

Январь 10, 2017 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд