Муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд ташаккул дода шавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода зимни мулоқот бо соҳибкорон изҳор дошт, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккул додани муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд дар амал татбиқ шавад. Ҳадафи асосии он мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва дастгирии соҳибкорон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 3 280 нафар соҳибкорон фаъолияти назаррас дошта, 26 корхонаи хусусии саноатӣ фаъолият доранд.
Дар натиҷаи ҳамкории муваффақонаи сохторҳои масъули давлатӣ бо бахши хусусӣ то имрӯз дар ноҳия корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ, коғазҳои санитарӣ, мебел, дару тирезаҳои пластикӣ, корхонаи истеҳсоли хишт, сафолакҳои ранга барои роҳҳои пиёдагард, сехҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли орд таъсис дода шудаанд.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






