Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ширкати «Ходайз групп Индастрис»

Январь 19, 2017 18:01

Кохир Расулзода и координаторДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ширкати «Ходайз групп Индастрис» Радҷа Рамакришнан мулоқот намуд.
Дар вохўрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо доир ба иҷрои мувофиқаҳои зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ба дастомада табодули афкор карда, дар ин замина муҳимияти рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.
Дар мулоқот барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамгироии манфиатбор дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Январь 19, 2017 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад