Мулоқоти занони шаҳри Хоруғ бо Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 14, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 14.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Зимни мулоқот  Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода Тағо  нуқтаҳои муҳими Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, изҳор намуд, ки бо гузашти як сол дар арсаҳои мухталифи кишвари мо дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд ва мардуми мо таҳти раҳбарии Пешвои миллат ба ҳадафҳои стратегии худ, яъне  таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ торафт наздиктар мешаванд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротӣ кӯшиш мекунанд давлатҳои алоҳидаро ба коми оташи ҷанг тела диҳанду ғаразҳои нопоки худро амалӣ созанд. Вобаста ба ин муҳимтарин рисолати ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳифзи сулҳу суботи кишвар мебошад, зеро миллати тоҷик зарару хисороти ҷанги таҳмилиро бо чашми худ дидааст. Таъкид карда шуд, ки агар кишвари мо ҷанги таҳмилиро пушти сар намекард, роҳи расидан ба зиндагии шоиста боз ҳам кутоҳтар мешуд.
Пешвои миллат  дар Паёми солонаи худ бори дигар аз ин солҳои душвор ёд оварда хотиррасон намуд, ки  қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.
Идигул  Қосимзода Тағо нақши  Пешвои миллат дар  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро хеле арзишманд шумурда, изҳор дошт, ки чанд соли охир теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Имрӯз 23 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат таъкид кард, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин ба суолҳои иштирокдорони мулоқот посух гардонд.

Январь 14, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад