Мутахассисони муғул занони деҳотро бо нозукиҳои коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулот аз он шинос карданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар соли сипаригашта 780 зан аз панҷ ноҳияи вилояти Хатлон дар соҳаҳои чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, коркарди шир ва пашм дастгирӣ ёфтанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов иттилоъ дода, зикр намуд, ки дастгирии занони деҳот ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа мебошад.
Ӯ зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 15 гурӯҳи занон оид ба коркарди пашм таъсис дода шуд. Ба занон 2 нафар мутахассиси муғул нозукиҳои коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулот аз онро омӯзониданд.
«Ҳамчунин 13 зан аз оилаҳои камбизоат бо 130 оила занбӯр, таҷҳизот барои парвариши занбӯри асал ва коркарди асал таъмин гашта, соли гузашта 900 кг асал истеҳсол намуданд»,- иброз дошт директори муассиса ва илова намуд, ки дар маҷмӯъ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик зиёда аз 1000 ҷои кори доимӣ таъсис дода шуд.
Боиси тазаккур аст, ки бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии деҳот яке аз самтҳои муҳиме мебошад, ки ҳукумати мамлакат ба он аҳамияти хоса медиҳад. Ин нукта дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷилси Олӣ хеле возеҳу равшан зикр гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






