Неъматулло Ҳикматуллозода: «Дар иқтисодиёт бе илм пеш рафтан душвор аст»
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳаи иқтисодиёт бе илм пеш рафтан бисёр душвор аст, зеро бояд таҳлилҳои гуногун баргузор карда шаванд ва тамоми самтҳои ҷомеа зери таҳлили мунтазам қарор дода шаванд. Дар ин бора Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазири рушди иқтисод ва савдо инчунин баён дошт, ки барои пешбурди фаъолияти Вазорат ва пешниҳоду таҳияи қарорҳои дахлдори сиёсӣ ҳамкорӣ бо илм дар навбати аввал мебошад ва мо ин ҳамкориро аллакай ба роҳ мондаем.
«Қаблан дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон институти иқтисодӣ буд. Ҳоло чунин институт нест, вале имрӯз мо бо институти иқтисодие, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, робитаи қавӣ дорем. Таҳияи «Стратегияи рушди миллӣ барои давраи то соли 2030»- ро метавон шаҳодати ҳамкории мо номид. Мо бо иштироки бевоситаи олимони барҷастаи ватанӣ дар ин соҳа ин ҳуҷҷатро таҳия намудем»,-гуфт Н. Ҳикматуллозода.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






