Нусратулло Аюбзода: «Заҳматкашони ноҳияи Шаҳринав ҷашни бостонии Наврӯзро пуршукӯҳ таҷлил менамоянд»

Январь 11, 2017 17:01

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Заҳматкашони ноҳияи Шаҳринав соли сипаригардидаро бо натиҷаҳои назаррас  ҷамъбаст намуданд. Дар ин бора  зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода ба рӯзноманигорон хабар дод.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 20406 тонна ғалладона истеҳсол карда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2015 557 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии ҳар як гектар 23,6 сентнериро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015-ум 0,2 сентнер зиёд аст. Аз ҷумла, истеҳсоли гандум ба 16228 тонна расонида шуд. Истеҳсоли пахта 742 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ ба 19,8 сентнерӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 аз ҳар як гектар 4,2 сентнерӣ зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 4619 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 186 тонна зиёд аст. Истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 49134 тонна расид, ки назар ба соли ҳисоботӣ 3323 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 255 сентнериро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 554 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол карда шуд.
Тамоми сокинони ноҳия барои дар сатҳи баланд ва пуршукӯҳ таҷлил кардани ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Алҳол корҳои шинонидани дарахтони гуногун, гулҳои рангоранг ва бо шиору овезаҳои ҷашнӣ оро додани тамоми ҳудуди ноҳия бомаром идома доранд.

Январь 11, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад