Нусратулло Аюбзода: «Заҳматкашони ноҳияи Шаҳринав ҷашни бостонии Наврӯзро пуршукӯҳ таҷлил менамоянд»
ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Заҳматкашони ноҳияи Шаҳринав соли сипаригардидаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода ба рӯзноманигорон хабар дод.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 20406 тонна ғалладона истеҳсол карда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2015 557 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии ҳар як гектар 23,6 сентнериро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015-ум 0,2 сентнер зиёд аст. Аз ҷумла, истеҳсоли гандум ба 16228 тонна расонида шуд. Истеҳсоли пахта 742 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ ба 19,8 сентнерӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 аз ҳар як гектар 4,2 сентнерӣ зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 4619 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 186 тонна зиёд аст. Истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 49134 тонна расид, ки назар ба соли ҳисоботӣ 3323 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 255 сентнериро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 554 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол карда шуд.
Тамоми сокинони ноҳия барои дар сатҳи баланд ва пуршукӯҳ таҷлил кардани ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Алҳол корҳои шинонидани дарахтони гуногун, гулҳои рангоранг ва бо шиору овезаҳои ҷашнӣ оро додани тамоми ҳудуди ноҳия бомаром идома доранд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






