Пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба зиёда аз 269 нафар бемор
ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, аз ҷумла пайвандсозии узвҳо ва барқарорнамоии нуқсонҳои модарзодии дил гузаронидани амалиёти мазкур дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар маҷмӯъ ба зиёда аз 269 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 17 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар соли 2016 ба 90 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Саида Умарзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баён кард.
Инчунин зикр шуд, ки ба 13 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ва 8 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






