Пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба зиёда аз 269 нафар бемор

Январь 11, 2017 16:11

tandurusti-2ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, аз ҷумла пайвандсозии узвҳо ва барқарорнамоии нуқсонҳои модарзодии дил гузаронидани амалиёти мазкур дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар маҷмӯъ ба зиёда аз 269 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 17 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар соли 2016 ба 90 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Саида Умарзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баён кард.
Инчунин зикр шуд, ки ба 13 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ва 8 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Январь 11, 2017 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад