Паём — дастурамал дар роҳи созандагист
КӮЛОБ, 14.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат дар миёни аҳолӣ вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотиро дар Мактаби президентӣ, Маркази фарҳангии ҷавонон, ҶСК «Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб» ва ҷамоати деҳоти Зиракӣ доир намуд.
Дар вохӯриҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирсаидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматзода, раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назришоҳ Зоиров иштирок карданд.
Зимни вохӯриҳо зикр гардид, ки мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ аз Паёми Президенти кишвар илҳом гирифта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан талош меварзанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






