Паём-ҳуҷҷати барномавӣ ва роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар аст
ДУШАНБЕ, 5.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии кишвар ирсол намуданд. Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.
Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд, пешниҳод гардид.
Роҳбари давлат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар ва сохтору вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа гардида, дар натиҷаи амалӣ гаштани онҳо Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Зиндагии аҳолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фазои созандагиву ободкорӣ рӯҳияи ҳар як шаҳрванди мамлакатро фаро гирифта, давра ба давра ҳадафҳои давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ҳифзи аминияти озуқаворӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Махсус бояд ёдовар шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари кормандони дигар сохторҳо, маоши вазифавии кормандони дастгоҳи суд аз 1 июли соли 2016 ба андозаи 15% зиёд карда шуд, ки ин ғамхории махсуси Сарвари давлат ба тамоми қишрҳои ҷомеа ва судҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ низ дар партави сиёсати хирадмандонаи ин абармарди бузург фаъолияти кории худро дар соли 2016 бо нишондиҳандаҳои хуб ва сифати баланди корӣ ҷамъбаст намудаанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ дар фаъолияти баъзе аз мақомоти кишвар аз ҷумла ҳокимияти судӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд.
Соли равон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсиши сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия гузаронида шуд.
Тибқи ин назарсанҷӣ коррупсия аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.
Сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад.
Бо вуҷуди он, ки дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар давраи фаолияти сипаригардида ҳолатҳои коррупсионӣ ошкор карда нашудаанд, пешгирӣ, ошкоркунӣ ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва вабои аср ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ қарор дошта, дар доираи иҷрои бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ Нақшаи чорабиниҳои дохили идоравӣ тасдиқ карда шуда, иҷрои он таҳди назорати қатъӣ қарор доранд.
Дар баробари ин, омӯзиши фаъолият нишон медиҳад, ки дар баъзе судҳо ҳолатҳои риоя нагардидани муҳлат, бекоршавии санадҳои судӣ, сари вақт омода накардани санадҳо ва ба тарафҳо насупоридани нусхаи онҳо, таъмин набудани назорати иҷрои онҳо низ ба чашм мерасанд.
Аз ин лиҳоз, аз ҳар як команди ҳокимияти судӣ, хусусан судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ тақозо мегардад, ки барои аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои вазифаҳои бо Конститутсия ва қонунҳои кишвар муқарраргардида, Фармон ва амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём ва суҳбату вохӯриҳо ба асос гирифта шуда, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо ва қонунияту адолат тадбирҳои ҷиддӣ андешида, дар иҷрои уҳдадориҳои давлат дар самти амалӣ гаштани кафолатҳои конститутсионӣ саҳми арзанда гузорем.
Омӯзиш ва таҳлили Паёми имсолаи Пешвои миллат собит месозанд, ки аз фаъолияти ҳар се шоҳаи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ қаноатманд буданд. Сарвари давлат тақвияти фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ медонанд, ки фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, таҳкими минбаъдаи ин шохаи ҳокимияти давлатӣ дар таъмини адолати судӣ тавассути иҷро гардидани қарорҳои судӣ нақши муҳим дошта, баъзан қарорҳои судӣ ба муддатҳои зиёд ба иҷро расонида намешаванд. Аз ин рӯ ба Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд.
Бинобар ин, таҳияи лоиҳаи қонунгузории соҳаи истеҳсолоти иҷро бобати таъмини саривақтии иҷрои санадҳои судҳои иқтисодӣ, аз ҷумла вазифаи роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мо талаб менамояд, ки барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо бетараф набуда, таклифҳои худро манзур намоем.
Ғайр аз ин, Прездиденти мамлакат иброз доштанд, ки яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон ҷалби бештари занону духтарон ба кори муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ, инчунин барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун пешбинӣ гардидани квота ва имтиёзҳо мебошад.
Дар Суди Олии иқтисодӣ ва сохторҳои зертобеи он дар партави ин иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат 24,3 % фоиз аз шумораи умумии судяҳои фаъолияткунандаро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 1 нафар муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар Раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1 нафар Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мебошанд.
Аз шумораи умумии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ бошанд 26 фоизашонро занҳо ташкил дода, 3 нафар аз ҳайати роҳбарикунандаи дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ аз ҳисоби занон мебошанд.
Ҳамчунин дар Паёми Сарвари давлат масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ пешниҳод шуда, аз ҷумла ба роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ҳангоми пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯхта ва ба вазифаи масъулиятноки судя пешниҳод кардани ҳуқуқшиносонеро, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд, дастур дода шуд.
Аз ин рӯ роҳбарияти ҳокимияти судиро зарур аст, ки ҳангоми пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём бармеоянд, тадбирҳои амалӣ андешида, номзадии шахсони ҷавобгӯ ба талаботро ба вазифаи пурмасъули судягӣ пешниҳод намоянд.
Зуҳуриддин АСРОРЗОДА,
сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо,
ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон