Паёми Пешвои миллат-роҳнамои аҳли «Базморо»
ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, директори генералии «Базморо» Олимҷон Солиев иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муайян кардани самтҳои муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли равон пешниҳод гардид.
«Ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамон махсусан дар ҷодаи дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар моро ҳамарӯза рӯҳбаланд сохта, баҳри хидмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят месозанд»,- иброз дошт Олимҷон Солиев.
Иштирокчиёни ҷаласа, аҳли кормандони Муассисаи «Базморо» қарор карданд, ки Паёми пешвои миллатро роҳнамои фаъолияти худ ҳисобида, ҳангоми баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти ҳамарӯза нишондодҳои Паёмро мавриди истифода қарор диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






