Паёми Пешвои миллат-роҳнамои аҳли «Базморо»

Январь 26, 2017 15:11

31761194266_6cc1e01dee_zДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, директори генералии «Базморо» Олимҷон Солиев иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муайян кардани самтҳои муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли равон пешниҳод гардид.
«Ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамон махсусан дар ҷодаи дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар моро ҳамарӯза рӯҳбаланд сохта, баҳри хидмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят месозанд»,- иброз дошт Олимҷон Солиев.
Иштирокчиёни ҷаласа, аҳли кормандони Муассисаи «Базморо» қарор карданд, ки Паёми пешвои миллатро роҳнамои фаъолияти худ ҳисобида, ҳангоми баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти ҳамарӯза нишондодҳои Паёмро мавриди истифода қарор диҳанд.

Январь 26, 2017 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд