Раиси «Тоҷикматлубот»: «Донишҷӯёни ятим пурра аз пардохти ҳаққи таҳсил озод карда шуданд»
ДУШАНБЕ, 21.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати беҳтар намудани ҷараёни таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба замони муосир дар макотиби олии тобеи худ-Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Ҳусайн Идиев, Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ иброз намуд.
Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» зикр кард, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 40 нафар магистрант ва 20 нафар аспиранту унвонҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд. Онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.
«Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд мутаносибан 19 нафар ва 12 нафар донишҷӯён-ятимон пурра аз пардохти ҳаққи таҳсил озод карда, ҳамзамон бо як вақт хӯроки гарм дар як рӯз ва ҷойи хоб дар хобгоҳ таъмин шудаанд»,- афзуд Ҳусайн Идиев.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






