Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: «Дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил шудааст»

Январь 19, 2017 16:22

Сохибкори ва Хизмат (2)ДУШАНБЕ, 19.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани амалҳои коррусионӣ дар давраи санҷишу имтиҳонот ситоди зиддикоррупсионӣ ташкил карда шудааст. Аъзои ситод дар ҷараёни санҷишу имтиҳонҳо иштирок мекунанд. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳурот почтаи махсуси электронӣ ташкил карда шудааст, ки танҳо Ректори донишкада онро назорат карда метавонад. Ба воситаи ин почта донишҷӯён мулоҳизаҳои худро бевосита ба Ректори донишкада пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас мегиранд. Ин суханон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби Диловар Қодирзода, Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон баён шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Диловар Қодирзода инчунин зикр кард, ки тамоми санҷишҳо дар донишкадаи мо имрӯз тавассути маркази ягонаи тестӣ сурат мегиранд ва ҳамаи донишҷӯён ба воситаи компютер санҷиш месупоранд. Ба ғайр аз ин, мо ҳар моҳ дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои то соли 2020» дар ҳамаи сохторҳои донишкада чорабиниҳо баргузор мекунем. Ҳар шаш моҳ нақшаи нави чорабиниҳо дигар карда мешавад ва вобаста ба вазъи кунунӣ ва ҳолатҳои алоҳида баррасӣ мегардад.
«Яке аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт гузаронидани пурсишномаҳо мебошад. Мо дар ҳар нимсолаи таҳсил пеш аз санҷишҳо ва баъди санҷишҳо пурсишнома мегузаронем ва он аз тарафи Раёсати донишкада таҳлил ва баррасӣ карда мешавад»,- гуфт Диловар Қодирзода.

Январь 19, 2017 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад