Рустами Эмомалӣ аз корхонаи «Троллейбус» боздид ба амал овард
ДУШАНБЕ, 29.01.2017./АМИТ «Ховар»/. 28 январ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и пойтахт боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни шиносоӣ Раиси шаҳр ба масъалаи вазъи кунунии парки мошину олотҳои корхона ва истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии мусофибар, бахусус тароллейбусҳо мароқ зоҳир кард.
Таъкид гардид, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр чандон ҷавобгӯи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад.
Зимни мулоқот бо ҳайати роҳбарӣ ва техникии корхона ба фаъол сохтани хатсайрҳои мавҷуда ва ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид дар шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Тавре зикр гардид, баробари фароҳам омадани шароити лозимӣ, ба вижа таъмини бемамониати қувваи барқ фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, махсусан троллейбусҳо бояд ба таври куллӣ беҳтар карда шавад.
Роҳбари шаҳр ҷиҳати таҷдид намудани парки троллейбусҳо ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонии мусофирон дар назди масъулини корхона вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бо ҷалби воситаҳои техникию нақлиёти тозабакори фарогирифташуда хизматрасонӣ ба мусофирон дар 2 баст (то соати 23:00 шаб) ба роҳ монда шавад.
Инчунин, вобаста ба беҳтар кардани вазъи имрӯзаи корхона, аз ҷумла таъмиру таҷдиди минтақҳои таъмирталаби хатҳои барқтаъминкунанда ва мумфарш(асфалтпӯш) намудани даромадгоҳҳои корхона дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд .









Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






