Сафорати Туркия: «Шаҳрвандони Тоҷикистон ба амали террористии Истанбул алоқа надоранд»
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Амали террористиеро, ки 31 декабри соли 2016 дар шаҳри Истанбул содир гардид, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулқодир Машарипови 34-сола, ки бо забонҳои хитоӣ, русӣ, арабӣ ва туркӣ ҳарф мезанад, содир намудааст. Ин нуктаро вобаста ба амали террористии рӯзи 31 декабри соли гузашта дар шаҳри Истанбул содиршуда намояндаи Сафорати Туркия дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи намояндаи Сафорати Туркия дар Тоҷикистон, А. Машарипов омодагии ҷангиро дар Покистон ва Афғонистон гузашта, аз ҷониби мақомоти Ӯзбекистон дар кофтуков қарор доштааст. Моҳи январи соли 2016 номбурда ғайриқонунӣ аз ҳудуди Эрон ба Туркия ворид гардидааст. Зимни кофтуков аз манзили истиқоматии ӯ 197 ҳазор доллари ИМА, силоҳ ва ду адад квадрокоптер дарёфт шудааст.
Дар бораи алоқа доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷиноят намояндаи Сафорат зикр кард, ки ҳоло аз ҷониби мақомоти Туркия ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд. Ба гуфти намояндаи Сафорати Туркия, шаҳрвандони мазкур манзилҳои иҷоравии худро ба шахсоне, ки ба самти Сурия рафту омад доштанд, пешниҳод мекарданд.
«Оид ба алоқаи бевоситаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба амали террористӣ маълумот мавҷуд нест», — таъкид намуд намояндаи Сафорати Туркия дар Душанбе.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






