Санъат Раҳим: 478 нафар шахсони масъул барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба маблағи 464 ҳазору 535 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар нишаст Санъат Раҳим, сардори Хадамот оид ба фаъолияти ин сохтор дар соли 2016 сухан гуфта, ба суолҳои хабарнигорони ВАО посух дод.
Санъат Раҳим зикр кард, ки дар соли 2016 аз ҷониби Хадамоти мазкур нисбат ба 101 нафар роҳбари корхонаҳо бинобар риоя накардани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии бехатарии саноатӣ, наандешидани тадбирҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолияташон пешниҳод гардид.
«Аз ҷониби кормандони Хадамот 478 нафар шахсони масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 464 535 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. ҶДДМ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДДМ «Пакрут», ФҶСП «Ширкати муҳандисии «Умрон Морун», ҶСК «Обшорон», ҶДДМ «Хишти Хуҷанд», ҶДДМ «Созандаи Суғд», ФҶСП «Туннел садди Ориёно» ва ҶДДМ «Гушикай ЛТД» аз ҷумлаи онҳо мебошанд », — изҳор дошт Санъат Раҳим.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






