Санъат Раҳим: 478 нафар шахсони масъул барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба маблағи 464 ҳазору 535 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд

Январь 13, 2017 12:14

бехатарии корхо дар (8)ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар нишаст Санъат Раҳим, сардори Хадамот оид ба фаъолияти ин сохтор дар соли 2016 сухан гуфта,  ба суолҳои хабарнигорони  ВАО посух дод.
Санъат Раҳим зикр кард, ки дар соли 2016  аз ҷониби Хадамоти мазкур нисбат ба 101 нафар роҳбари корхонаҳо бинобар  риоя накардани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии бехатарии саноатӣ, наандешидани тадбирҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолияташон пешниҳод гардид.
«Аз ҷониби кормандони Хадамот  478 нафар шахсони масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 464 535 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.  ҶДДМ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДДМ «Пакрут», ФҶСП «Ширкати муҳандисии «Умрон Морун», ҶСК «Обшорон», ҶДДМ «Хишти Хуҷанд», ҶДДМ «Созандаи Суғд», ФҶСП «Туннел садди Ориёно» ва ҶДДМ «Гушикай ЛТД» аз ҷумлаи онҳо мебошанд », — изҳор дошт Санъат Раҳим.

Январь 13, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад