Шариф Раҳимзода нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба гумрукчиён тавзеҳ дод

Январь 20, 2017 15:01

20.01.2017_2ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар пайкест аз фардои дурахшони Тоҷикистон», гуфт зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Шариф Раҳимзода-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия дар ҷамъи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, дар даврае пешниҳод гардид, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми кишварамон ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузоранд.
Воқеан, Паёми Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ маҳсуб мешавад.
Шариф Раҳимзода иброз дошт, ки дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои муҳими марбут ба вазъи иқтисодии мамлакат, хусусан аз ҷониби Ҳукумат андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва рушди соҳибкорӣ таъкид гардидааст.
Дар ин росто Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр кард, ки кормандон ва ҳайати шахсии мақомоти гумруки кишвар Паёми Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо ва сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати рушди самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук ва ноил гардидан ба рушди устувор донишу малака ва кордонии худро равона мекунанд.

Январь 20, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов