Шукурҷон Зуҳуров ба интихобкунандагон Паёми Пешвои миллатро шарҳ дод

Январь 16, 2017 17:36

shukurchon-zuhurovДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта ҷиҳати ташреҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт вохӯрии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагон  доир гардид. Дар ин бора масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар мулоқотҳо  Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, дар мавриди се самти асосии стратегияи миллӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ сухан ронд. Мавсуф афзуд, ки дар амал татбиқ гардидани се ҳадафи миллӣ имкон фароҳам меоранд, то зиндагии мардум ва вазъи иқтисодии кишвар беҳтар шавад.  Ҳадафи дигари наздиктарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  саноатикунонии мамлакат мебошад, яъне аз кишвари аграрӣ- индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ- аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст ва мо ба ин марҳилаи таърихӣ рӯз ба рӯз наздиктар мешавем.

Январь 16, 2017 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад