Силсилаи бозиҳои бебохти «Реал»-ро «Севиля» вайрон кард
ДУШАНБЕ, 16.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври 18-уми Ла Лигаи Испания КФ «Севиля» дар майдони худ «Реал»-и Мадридро бо натиҷаи 2:1 мағлуб карда, силсилаи рекорди бебохтии дастаи «Реал»-ро, ки ҳафтаи гузашта дар ин роҳ «Барселона»-ро пеш гузашта буд, пора кард. Криштиану Роналду дар нимаи дуюми вохӯрӣ аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро кушод. 5 дақиқа пеш аз поёни вақти асосӣ муҳофизатгари «Реал» Серхио Рамос тӯбро ба дарвозаи дастааш зада (атогол), натиҷаро баробар кард. Дар дақиқаи 2-юми вақти иловагӣ аз масофаи дур Стеван Йоветич бо зарбаи олӣ голи ғолибиятро ба дарвозаи «Реал» равон карда, дастаашро ба ғалаба раҳнамун сохт.
Ин ғалабаи «Севиля» фарқи холҳояшро бо «Реал» дар чемпионати Испания ба як адад баробар кард.
Бори охирин «Реал» ҳанӯз моҳи апрели соли 2016 дар бозиҳои ¼-ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо аз КФ «Волфсбург»-и Олмон мағлуб шуда буд. (0:2). Баъди ин бохт «Реал» дар 30 бозӣ ғалаба карда, 10 вохӯриро мусовӣ ҷамъбаст кард. Ҷамъ дар 40 вохӯрии бебохт рекорди нав гузошт. Пештар ин дастовард ба КФ «Барселона» (39) тааллуқ дошт.
Ҷадвали Чемпионати (Ла Лига) Испания то имрӯз чунин аст:
| М | Клуб | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | РЕАЛ МАДРИД | 17 | 12 | 4 | 1 | 46-16 | 40 |
| 2 | СЕВИЛЯ | 18 | 12 | 3 | 3 | 38-22 | 39 |
| 3 | БАРСЕЛОНА | 18 | 11 | 5 | 2 | 47-17 | 38 |
| 4 | АТЛЕТИКО | 18 | 10 | 4 | 4 | 32-14 | 34 |
| 5 | ВИЛЯРРЕАЛ | 18 | 8 | 7 | 3 | 26-12 | 31 |
| 6 | РЕАЛ СОСЕДАД | 17 | 9 | 2 | 6 | 28-25 | 29 |
| 7 | АТЛЕТИК | 18 | 8 | 4 | 6 | 22-19 | 28 |
| 8 | СЕЛТА | 18 | 8 | 3 | 7 | 29-32 | 27 |
| 9 | ЭЙБАР | 18 | 7 | 5 | 6 | 25-24 | 26 |
| 10 | ЛАС-ПАЛМАС | 18 | 6 | 6 | 6 | 27-29 | 24 |
| 11 | ЭСПАНОЛ | 18 | 5 | 8 | 5 | 22-25 | 23 |
| 12 | АЛАВЕС | 18 | 5 | 7 | 6 | 15-18 | 22 |
| 13 | БЕТИС | 18 | 6 | 3 | 9 | 20-30 | 21 |
| 14 | МАЛАГА | 17 | 5 | 6 | 6 | 26-29 | 21 |
| 15 | ДЕПОРАТИВО | 18 | 4 | 6 | 8 | 23-28 | 18 |
| 16 | ЛЕГАНЕС | 18 | 4 | 5 | 9 | 13-29 | 17 |
| 17 | ВАЛЕНСИЯ | 17 | 4 | 4 | 9 | 26-33 | 16 |
| 18 | СПОРТИНГ | 18 | 3 | 3 | 12 | 19-37 | 12 |
| 19 | ГРАНАДА | 18 | 1 | 7 | 10 | 15-39 | 10 |
| 20 | ОСАСУНА | 18 | 1 | 6 | 11 | 17-38 | 9 |








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






