Соли 2016 дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ 7 дидбонгоҳи нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт

Январь 3, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 3.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 дидбонгоҳи нави замонавии бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз барои афсарону сарбозон ба истифода дода шуданд.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар соли 2016 гуфта шуд.
Зикр гардид, ки сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо дастгирии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои ҳамаи шароит ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.
Дар ҷаласа ҳамкории судманди ҳарбию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид гардида, зикр шуд, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ барои мустаҳкам намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ оид ба сохтмон, омӯзиш ва кумаки моддӣ-техникие, ки ба Қӯшунҳои сарҳадӣ пешкаш гардид, дар маҷмӯъ 15 000 000 доллари амрикоӣ масраф шудааст.
Дар ин давра Қӯшунҳои сарҳадӣ бо 59 адад нақлиёти гуногунтамға, 286 маҷмӯъ лавозимоти зарурӣ барои сарҳадбонон, 930 маҷмӯъ воситаи алоқа ва дигар ашъёҳои зарурии хизматӣ-ҳарбӣ таъмин гардиданд, ки онҳо бевосита аз ҷониби Ҳукумати ИМА тақдим гардиданд.

Январь 3, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад