«Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд ҳамоиш доир карданд

Январь 21, 2017 11:52

31761194266_6cc1e01dee_zДУШАНБЕ, 21.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, эълон гаштани Соли 2017 — соли ҷавонон дар вилояти Суғд ҳамоиши ҷавонон аз тамоми минтақаҳои вилоят баргузор гардид.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоят Фирдавс Ҳоҷиев дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон аз тарафи СММ, пурзӯр намудани корҳо дар самти ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъияти сиёсӣ сухан гуфт. Таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзандаи онҳо фароҳам оварда шудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ба муаммо ва роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҷавонон нигоҳи дигар дошта бошанд. Ҷавонон, ки қишри пешбарандаи давлату ҳукумат ба ҳисоб мераванд, бояд аз дигар қишрҳо фаъолтар бошанд.
Таклифу пешниҳодҳои роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд дар самти вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ байни ҷавонон, истифодаи роҳу усулҳои муосир, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар хеле хуш пазируфта шуд.
Ҷавонон ваъда доданд, ки соли ҷавононро дар сатҳи баланд ва бо ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд.

Январь 21, 2017 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад