«Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд ҳамоиш доир карданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, эълон гаштани Соли 2017 — соли ҷавонон дар вилояти Суғд ҳамоиши ҷавонон аз тамоми минтақаҳои вилоят баргузор гардид.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоят Фирдавс Ҳоҷиев дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон аз тарафи СММ, пурзӯр намудани корҳо дар самти ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъияти сиёсӣ сухан гуфт. Таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзандаи онҳо фароҳам оварда шудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ба муаммо ва роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҷавонон нигоҳи дигар дошта бошанд. Ҷавонон, ки қишри пешбарандаи давлату ҳукумат ба ҳисоб мераванд, бояд аз дигар қишрҳо фаъолтар бошанд.
Таклифу пешниҳодҳои роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд дар самти вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ байни ҷавонон, истифодаи роҳу усулҳои муосир, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар хеле хуш пазируфта шуд.
Ҷавонон ваъда доданд, ки соли ҷавононро дар сатҳи баланд ва бо ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






