Суҳроб Рауфов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» таъйин гардид

Январь 17, 2017 15:13

Сухроб РауфовДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ Ховар/. Дар Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ ба амал омад. Суҳроб Рауфов, собиқ директори «Телевизиони Тоҷикистон» ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» таъйин гардид.
Тибқи иттилои Замира Ҷалилова, нозири кадрҳои Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Раиси Кумита Суҳроб Рауфов, директори «Телевизиони Тоҷикистон» аз 13 январи соли 2017 бинобар сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифаи ишғолнамудааш озод гардидааст.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» иттилоъ доданд, Суҳроб Рауфов чанд рӯз аст, ки ба ҳайси директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Суҳроб Рауфов хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои зиёд дар шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла телевизиони «Ҷаҳоннамо», радиои «Садои Душанбе» ва Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст.
То ба «Телевизиони Пойтахт» омаданаш Суҳроб Рауфов директори ТВ «Тоҷикистон» (собиқ Шабакаи аввали ТВТ) буд.

Январь 17, 2017 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд