Теъдоди тамошобинони театрҳои кишвар 8 фоиз зиёд шудааст

Январь 20, 2017 16:11

Фарханг (3)ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, ки дар кишвар 18 муассисаи театрии касбӣ фаъолият доранд. Теъдоди тамошобинони театрҳои кишвар дар соли 2016 8 фисад афзудааст. Ба гуфтаи Ш. Орумбекзода, 8 фисад афзудани тамошобинони театрҳои кишвар кам бошад ҳам, мо дар ин самт роҳҳои гуногуни ҷалби тамошобинон ба театрро ҷустуҷӯ дорем.
«Ҳоло дар мамлакат 18 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб- интернати махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриявӣ, 84 мактаби бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ фаъолият доранд»,-илова кард Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Январь 20, 2017 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад