«Об барои рушди устувор». Тоҷикистон барои беҳтар сохтани шароити зисти мардуми сайёра бори дигар саҳмгузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоти ибтидоии «Эндокринологҳо»-и Маркази клиникии ҷумҳуриявии эндокринологӣ бо иштироки директори Марказ Тоҳирҷон Тағоев, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Амриддин Абдураҳмонов ва кормандони марказ дар мавзӯи «Тоҷикистон ҷаҳонро обшор мекунад» ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази клиникии ҷумҳуриявии эндокринологӣ хабар доданд.
Тоҳирҷон Тағоев бо қабул шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби СММ ва мамолики дунё оид ба аҳамияти стратегӣ ва экологӣ доштани он маърӯза кард. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони азиз дар беҳтарсозии шароити зисти мардуми сайёра бори дигар саҳмгузор гардид. Тавре Сарвари давлат дар Паём зикр намуд, «то садаи 21 дар минтақа 60 километри мукааб об истеъмол мешуд.Ҳоло он ба 110 километри мукааб расидааст. Имрӯз моро зарур аст, ки ба масрафи об аҳамияти ҷиддӣ дода, барои самаранок истифода шудани он тадбирандешӣ кунем».
Зикр шуд, ки дар дохили марказ низ бояд ба истифодаи самараноки об аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, то ин амал барои дигарон намуна гардаду бо ин роҳ дар амалӣ шудани ин қатънома саҳмгузор бошем.
Амриддин Абдураҳмонов дар бораи қабул шудани қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 сухан гуфта, изҳори нигаронӣ аз гармшавии иқлим намуда, гуфт: «Ин раванд зиёда аз 1000 пиряхҳоро дар минтақа аз байн бурдааст. Ин ҳодисаи табиӣ метавонад оқибатҳои вазнинро барои мардуми сайёра ба бор оварад. Аз ҳамин сабаб мо бояд имрӯз пеши роҳи онро гирифта, бо самаранок истифода намудани об ба он таъсир расонем. Ин ташаббуси Тоҷикистон дар симои Сарвари давлат саривақтӣ ва зарурӣ буд. Аз ин рӯ, он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдорӣ гардида, дастгирӣ ёфт».








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






