«Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамоянд.
Дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба кори эҷодӣ алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа қабул карда мешаванд.
Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
Барои ғолиби ҷойи аввали озмун 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1500 сомонӣ мукофоти пулӣ муқаррар карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






