«Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамояд

Январь 25, 2017 12:12

Нусратулло МахсумДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамоянд.

Дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба кори эҷодӣ алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.

Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа  қабул карда мешаванд.

Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Барои ғолиби ҷойи аввали озмун  5000 сомонӣ, ҷойи дуюм   3000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1500 сомонӣ мукофоти пулӣ муқаррар карда шудааст.

Январь 25, 2017 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст