Умед Зоҳирзода пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқро талаб кард
ҚӮРҒОНТЕППА, 19.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода оид ба сари вақт ҷамъ овардани ҳаққи истифодаи неруи барқ, ба кор даровардани корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, беҳтар кардани ҳолати нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар фасли зимистон, бастани шартнома бо корхонаҳои дӯзандагӣ, ки истеҳсоли либосҳои мактабии ватаниро ба роҳ мондаанд, ҷаласа доир гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ — таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа инчунин дар бораи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд. Умед Зоҳирзода аз ҷумла изҳор дошт, ки тибқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ давлати мо аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил мегардад. Аз ин рӯ, ҷоннок намудани фаъолияти коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ва ба роҳ мондани дӯхти маҳаллии либосҳои ягонаи мактабӣ ба мақсад мувофиқ аст. Тадбирҳои андешидашуда дар ин самт барои таъмини занон бо ҷойи кори доимӣ ва даромади иловагӣ ба буҷети шаҳр нақши муҳим мегузоранд.
Умед Зоҳирзода ҳамчунин ба масъалаҳои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шахсони бешуғл, ҷараёни зимистонгузаронӣ, таъмири роҳҳо, истифодаи самараноки неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз масъулини дахлдори шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо хост, то барои беҳтар намудани вазъ тадбирҳои иловагӣ андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






