Усейн Болт аз медали тиллои Пекин-2008 маҳрум карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Яке аз машҳуртарин давандагони дунё-Усейн Болти ямайкагӣ аз медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 дар эстафетаи 4 ба 100 метр бо ҷурми истифодаи допинг маҳрум карда шуд. Сомонаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар медиҳад, ки дар эстафетаи чорнафараи давидан ба масофаи 100- метрӣ ҳамроҳи Усейн Болт Неста Картер аз маводи мамнӯъ истифода бурдааст ва ташхису таҳлилҳо дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд.
Дар ташхиси хуни Неста Картер истифодаи туринабол пайдо шудааст, ки ба қатори маводи допингӣ шомил мебошад. Ба ин хотир ҳамаи давандаҳо аз Ямайка дар эстафетаи 4 ба 100 метр аз медалҳояшон маҳрум карда шуданд.
Усейн Болти 30-сола дар се Олимпиада иштирок кардааст: Пекин-2008, Лондон 2012 ва Рио де Жанейро-2016. Дар ин олимпиадаҳо ӯ дар давидан соҳиби 9 медали тилло ( 100 метр, 200 метр ва эстафета 4Х100) гардидааст. Ҳамчунин Усейн Болт дар чемпионатҳои ҷаҳон 11 ғалаба ба даст овардааст.
Ӯ дар давидан ба масофаи 100 ва 200 метр рекордсмени ҷаҳон мебошад (9,58 ва 19,19 сония ).








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






