Усейн Болт аз медали тиллои Пекин-2008 маҳрум карда шуд

Январь 26, 2017 13:33

Ҳусейн БолтДУШАНБЕ, 26.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Яке аз машҳуртарин давандагони дунё-Усейн Болти ямайкагӣ аз медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 дар эстафетаи 4 ба 100 метр бо ҷурми истифодаи допинг маҳрум карда шуд. Сомонаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар медиҳад, ки дар эстафетаи чорнафараи давидан ба масофаи 100- метрӣ ҳамроҳи Усейн Болт Неста Картер аз маводи мамнӯъ истифода бурдааст ва ташхису таҳлилҳо дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд.
Дар ташхиси хуни Неста Картер истифодаи туринабол пайдо шудааст, ки ба қатори маводи допингӣ шомил мебошад. Ба ин хотир ҳамаи давандаҳо аз Ямайка дар эстафетаи 4 ба 100 метр аз медалҳояшон маҳрум карда шуданд.
Усейн Болти 30-сола дар се Олимпиада иштирок кардааст: Пекин-2008, Лондон 2012 ва Рио де Жанейро-2016. Дар ин олимпиадаҳо ӯ дар давидан соҳиби 9 медали тилло ( 100 метр, 200 метр ва эстафета 4Х100) гардидааст. Ҳамчунин Усейн Болт дар чемпионатҳои ҷаҳон 11 ғалаба ба даст овардааст.
Ӯ дар давидан ба масофаи 100 ва 200 метр рекордсмени ҷаҳон мебошад (9,58 ва 19,19 сония ).

Январь 26, 2017 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд