Усмон Қаландаров: «120 нафар хатмкардаи донишкадаву донишгоҳи Москваю Беларусро бо кор таъмин кардем»

Январь 24, 2017 14:49

Рох Охан (6)ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2016 дар корхонаҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» як қатор вагонҳои боркаш ва мусофирбар аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ин нуктаро имрӯз, 24 январ Усмон Қаландаров, муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Номбурда инчунин зикр кард, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо дар давоми соли сипаригардида таъмири хатти роҳ гузаронида шуда, корҳои сохтмони асосӣ ба анҷом расиданд.
«Тайи чанд сол аст, ки дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ амал мекунад. Аз оғози барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои роҳи оҳан зиёда аз 120 нафар хатмкардагони Донишкадаи муҳандисони нақлиёти шаҳри Москва ва Донишгоҳи давлатии Беларус дар корхонаву муассисаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо ҷойи кор таъмин карда шуданд»,- гуфт Усмон Қаландаров.

Январь 24, 2017 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад