ВКД: Ба ватан баргаштани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, ягон мушкилӣ надорад
ДУШАНБЕ, 21.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як-ду соли охир баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаи таъқиб шудан аз кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ дархост мекунанд. Тавре ки воситаҳои ахбори омма иттилоъ медиҳанд, дархости қисмати хурди ин ашхос қонеъ карда шуда, бештари онҳо ба дархости худ ҷиҳати гирифтани паноҳандагӣ ҷавоби рад гирифтаанд.
Вобаста ба сарнавишти минбаъдаи ин шаҳрвандони мамлакат Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки онҳо метавонанд озодона ба Ватан баргарданд ва зиндагии худро мисли пешина идома диҳанд. «Аксарияти он шаҳрвандонамон, ки аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, дар кофтуков қарор надоранд ва таъқиб нашудаанд», — зикр кард Р.Раҳимзода ва илова кард, ки онҳо аз пеши худ ба кишварҳои аврупоӣ барои паноҳандагӣ муроҷиат кардаанд. Дар асл онҳо дар кофтукову таъқибот қарор надоранд.
«Баргаштани он шаҳрвандон ба Ватан ягон мушкилӣ надорад», — таъкид кард Вазири корҳои дохилӣ.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар давраи нимсолаи дуюми соли 2016 бо иштироки хабарнигорони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Роҳбарияти вазорат аз муваффақияту камбудиҳои фаъолияти мақомоти милитсия ҳисобот дода, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






