ВКД: Ба ватан баргаштани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, ягон мушкилӣ надорад

Январь 21, 2017 10:44

ВКД (2)ДУШАНБЕ, 21.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як-ду соли охир баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаи таъқиб шудан аз кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ дархост мекунанд. Тавре ки воситаҳои ахбори омма иттилоъ медиҳанд, дархости қисмати хурди ин ашхос қонеъ карда шуда, бештари онҳо ба дархости худ ҷиҳати гирифтани паноҳандагӣ ҷавоби рад гирифтаанд.
Вобаста ба сарнавишти минбаъдаи ин шаҳрвандони мамлакат Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки онҳо метавонанд озодона ба Ватан баргарданд ва зиндагии худро мисли пешина идома диҳанд. «Аксарияти он шаҳрвандонамон, ки аз кишварҳои аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, дар кофтуков қарор надоранд ва таъқиб нашудаанд», — зикр кард Р.Раҳимзода ва илова кард, ки онҳо аз пеши худ ба кишварҳои аврупоӣ барои паноҳандагӣ муроҷиат кардаанд. Дар асл онҳо дар кофтукову таъқибот қарор надоранд.
«Баргаштани он шаҳрвандон ба Ватан ягон мушкилӣ надорад», — таъкид кард Вазири корҳои дохилӣ.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар давраи нимсолаи дуюми соли 2016 бо иштироки хабарнигорони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Роҳбарияти вазорат аз муваффақияту камбудиҳои фаъолияти мақомоти милитсия ҳисобот дода, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд.

Январь 21, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд