ВОЛИДАЙН, ОМӮЗГОРОН, ҲАМА МАСЪУЛАНД! Муноқишаи байни наврасон, ки боиси марги ду нафар аз онҳо шудааст, мавриди тафтиш қарор дорад
ДУШАНБЕ, 5.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 2 январи соли равон, соати 22:00 ҷавонписарони маҳаллаи 102 ва 103-юми шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 104 аз сабаби муноқишаи бамиёномода байни ҳам занозанӣ кардаанд. Дар натиҷа Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович, соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки сабаби асосии сар задани муноқиша маҳалгароӣ байни шаҳракҳои 102 ва 104 мебошад. Айни замон 14 нафар иштирокчиёни муноқиша муайян шуда, 11 нафари онҳо дастгир карда шудаанд. 8 нафар дар маҳкамаи муваққатии нигаҳдории Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор доранд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад».
Аз иштирокчиёни муноқиша 4 нафар тибқи ҳамин моддаи қонун бинобар сабаби «мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ, иштирок накардан дар дарсҳо аз 30 ноябри соли 2016 аз сафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 хориҷ карда шудаанд ва ба ин муассисаи таълимӣ ягон алоқамандӣ надоранд.
Ба иттилои манбаъ, аз иштирокчиён танҳо як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 буда, дигар иштирокдорон хонандаи мактаб нестанд ва ба мактаб иртибот надоранд.
Тавре мебинем, 4 нафар аз иштирокдорони муноқиша ҳамагӣ каме бештар аз як моҳ пеш аз мактаби рақами 54 хориҷ карда шудаанд, яъне то ин вақт дар мактаби мазкур таълиму тарбия дидаанд. Даҳ нафари боқимонда низ таълимдидаи мактабҳо мебошанд. Бинобар ин, мактабҳо наметавонанд барои ин ҳодисаи мудҳиш ва нангин бори масъулиятро аз сари худ соқит намоянд. Идораю муассисаҳои дигар низ. Зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», барои кирдору рафтори наврасон на танҳо волидайн, балки омӯзгорон, идораю муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасонро танзим мекунанд, масъулият доранд.
Дар ҳодисаи мазкур кӣ то кадом ҳад гунаҳгор аст, тафтиш муайян мекунад.










Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?






