Абдураҳмон Хонов: «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ масъулияти имрӯзаи мост»
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз падидаҳои бисёр ҳам номатлуби ҷаҳони имрӯза- ин гаравиши бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ сабабу омилҳои ин раванди номатлуби иҷтимоиро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд ва роҳҳои дур кардани ҷавонони кишварро аз ин гуна ҳизбҳо меҷӯянд. Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов зикр намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро- баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад.
«Қабл аз он, ки мо дар бораи сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон сухан кунем, бояд омилҳои асосии пайваст шудани ҷавононро ба ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мушаххас намоем. Омилҳо гуногунанд. Имрӯзҳо дар замони ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ ба фарҳанги бегона ва бархӯрди андешаҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза мо бояд ба ҳамин ҷараёнҳои манфии ҷаҳонишавӣ муқобилият карда тавонем. Дар ҳифзи ҳувияти миллии худ ва нигаҳдошти арзишҳои маънавии худ бояд ҳар шахс масъулият дошта бошад»,-илова намуд Абдураҳмон Хонов.
Бино ба гуфтаи Абдураҳмон Хонов, ҳар ҷавоне, ки аз сиёсати давлати худ бохабар аст, бояд мавқеи давлати худро дар раванди ин падидаҳо дар ин рӯйдодҳои сиёсӣ мушаххас намояд ва ба ватану миллати худ ҳаргиз хиёнат накунад. «Дар шароити имрӯза мо ба баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонон бисёр зарурат дорем. Равандҳои сиёсие, ки дар ҷаҳони имрӯза ба вуқӯъ меоянд, бояд ҳар ҷавон аз он огаҳии комил дошта бошад ва ба ҳар як падидаю рӯйдоди сиёсие, ки дар ҷаҳони имрӯза ба миён меояд, бояд баҳои сиёсӣ дода тавонад. Ҷавонон бояд мавқеи худ, давлат ва миллати худро мушаххас ифода карда тавонанд»,-зикр намуд роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Ба андешаи мусоҳиб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бояд миёни ҷавонон корҳои махсуси фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шаванд. «Пеш аз ҳама, мо бояд майли ҷавононро ба фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ зиёд намоем. Ин яке аз омилҳои бисёр ҳам таъсирбахш ҷиҳати пешгирии ифротгаро шудани ҷавонони кишвари мо шуда метавонад»,-баён дошт А.Хонов.
Мавриди зикр аст, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон такя ба ҷавонон доранд, зеро ҷавонон насли пешбаранда ва созандаи миллат буда, бо нангу номус ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ метавонанд кишварро ба давлати мутараққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






