Агентии хизмати давлатӣ, «Тоҷиксуғурта» ва Маркази миллии тестӣ хабарнигоронро ба нишасти матбуотӣ даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.02.2017. /АМИТ Ховар/. Рӯзи душанбе, 6 феврали соли 2017 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони сохторҳои мазкур омодаанд, ки ба суолҳои хабарнигорони ВАО оид ба дастоварду камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 посух бигӯянд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09-00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соати 10-00 дар бинои корхонаи мазкур ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11-00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






