«Ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавии илм ва таълим» дар Панҷакент
ДУШАНБЕ, 03.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 феврали соли равон дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли ҷавонон Анҷумани илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавии илм ва таълим» баргузор мегардад.
Забони кории конфронси мазкур тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, дар он масъалаҳои умдаи тайёр намудани кадрҳои педагогӣ ва илмӣ дар замони муосир, таҳсилоти фосилавӣ яке аз умдатарин воситаи ҷаҳонишавии таълим, масъалаҳои мубрами фанҳои гуманитарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ташаккули иммунитети ғоявии ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷавонон ва рушди фанҳои табиӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ мешаванд.
Иштирок дар Анҷуман озод буда, олимон, мутахассисон, толибилмон ва магистрантон метавонанд мақолаҳои илмӣ ва маълумотномаҳои хешро дар ҳаҷми 5-8 саҳифа бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ то 6 феврали соли 2017 ба суроғаи dotp_nauka@mail.ru пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






