Ҷавонони Бадахшон аз эълони Соли ҷавонон ифтихор доранд
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Ҷавонони Бадахшон аз эълон гардидани Соли ҷавонон ифтихор мекунанд» ҳамоиш доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, сохторҳои қудратӣ, аҳли маориф ва илм, донишҷӯён ва толибилмони синфҳои болоӣ иштирок карданд.
Ризо Раҳматшоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ иброз дошт, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи боварӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа аст.
«Пешвои миллат аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд. Дар кишварамон барои тарбияи инсони комил, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, содиқу бофарҳанг ва бонангу номус шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки барои татбиқи он тамоми сохторҳои ҳукумативу ҷамъиятӣ бояд фаъолияти муштарак ба роҳ монанд. Бо истифода аз неруи созандаи наслҳои имрӯзу фардо ба манфиати давлату ҷомеа тарбия кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост, то ки ҷавонону наврасон аз даст задан ба ҳар гуна аъмолу омилҳои зишт, аз қабили пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундраву ифротгаро худдорӣ кунанд»,-гуфт Ризо Раҳматшоев.
Гулдаста Орумбекова, муовини Раиси ВМКБ зикр кард, ки дар Соли ҷавонон Ҳукумати кишвар дар ин самт нисбат ба масоили вобаста ба ҷавонон тадбирҳои судманд меандешад.
«Барои тақвияти зеҳнӣ, маҳорату касбият, донишомӯзӣ ва соҳиби ихтисос шудан ҷавонон вазифадоранд, ки ҳамаи талошро ба харҷ диҳанд. Чунин ташаббусҳо дар ҳар даври созандагии кишвар падидаи наверо ба бор хоҳанд овард ва барои дарки моҳияти худшиносии ҷавонон аҳамияти хоса доранд»,- таъкид кард Гулдаста Орумбекова.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






