Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсили илм доранд
ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз эълон гаштани Соли ҷавонон истиқбол намуда, бо ғайрату илҳоми тоза барои амалӣ намудани чорабиниҳои Соли ҷавонон саъю талош доранд.
«Шоистаи ифтихор аст, ки зиёда аз 365 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Русия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Фаронса, Дания, Ирландия таҳсили илм доранд. Бештар аз 400 нафар ҷавонони Хуҷанд дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд», — иброз намуд Шариф Шарифзода.
Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баён дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш соли 2017- ро ҳамчун Соли ҷавонон пешниҳод намуданд, ки ин боиси ифтихори ҷавонони кишвар мебошад. Наврасону ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ҳифзу ҳимояи Ватан, рушди илму техника, забономӯзӣ ва ободии диёри хеш равона созанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






