Ба хонандагони пойтахт зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо мақсади пешгирӣ кардани нашъамандӣ миёни табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, прокуратура ва суди ноҳияи мазкур дар байни волидон ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии № 30, 40, 45, 49, 51 ва 75, инчунин дар маҳаллаи шаҳраки 63-и ноҳияи мазкур дар мавзӯъҳои зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористӣ ваэкстремистӣ вохӯриҳо баргузор шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, чунин вохӯриҳо дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар байни толибилмони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии №19, 32, 37, 50, ва 60-и ноҳияи мазкур низ доир гардиданд.
Ҳамзамон дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Нашъамандӣ ва зарари он ба ҷомеа», «Пешгирии ҷиноят ва ҷинояткорӣ доир ба харид ва фурӯши маводи нашъаовар» вохӯрӣ бо намоиши слайдҳо ва филмҳо баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯриҳо аз фаҳмонидани зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар ба хонандагони мактабҳои пойтахт иборат буд.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






