Барқияи табрикии Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Февраль 2, 2017 18:31

ДУШАНБЕ, 02.02.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Аз рӯзи истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои мо муносиботи ниҳоят хуб рушд мекунанд.

Моҳи октябри соли  2015 ба ҳайси Сарвазири Япония бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам ва бо Шумо мулоқоти судманд анҷом додам, ки дар натиҷа мо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ақидаи ҳамсон пайдо намудем. Бо хушнудӣ зикр менамоям, ки сафари мазкур ба рушди муносибатҳои миёни кишварҳоямон такон бахшида, оид ба татбиқи мувофиқаҳо дар соҳаҳои густурда тадбирҳои минбаъд фаъолана андешида мешаванд.

Кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолии он пайваста дастгирӣ менамуд.

Мо ният дорем, ки дар оянда низ рушди сохтори давлатию ҷамъиятӣ ва ташаккули иқтисоди бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди инфрасохтор, минтақаҳо ва омодасозии кадрҳоро дастгирӣ намоем.

Бо истифода аз фурсат, дар робита ба 25-умин солгарди рӯзи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ман самимона рушд ва таҳкими робита миёни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Японияро таманно дорам.

Ба идомаи ҳамкории фаъол бо Шумо, аз ҷумла дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»  умедворам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтӣ таманно менамоям».

 

Февраль 2, 2017 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд