Бег Қурбонзода: «Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» боиси ифтихори халқ ва миллати тоҷик аст»

Февраль 28, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҷаласа баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони Кумитаи мазкур, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
«Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ моҳи апрели соли 2015 пешниҳод гардид. Аз натиҷаи қабули он 21 декабри соли 2016 аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба унвони Пешвои миллат номаи табрикӣ ирсол гардид ва он боиси ифтихор ва хурсандию сарфарозии миллати тоҷик гардид»,- зикр кард Бег Қурбонзода, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Ҳадафҳои иловагии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028- ин такмили механизмҳои ташаккул ва паҳн намудани дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилои нави алоқаманд ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, амалӣ намудани фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, таъсиси шабакаҳо ва мусоидат ба шарикӣ ва фаъолияти дигар иштироккунандагони манфиатдор дар тадбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об мебошад»,- иброз дошт Муслиҳиддн Холиқов, сармутахассиси Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Февраль 28, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад