Берун аз футбол: дарвозабони ветнамӣ ҷазо гирифт

Февраль 25, 2017 09:38

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дарвозабони дастаи «Донгтам Лонган»-и Ветнам Нгуен Мин Нхутро Федератсияи футболи ин кишвар барои махсус дар даври шашуми Чемпионати Ветнам дар муқобили дастаи «Ҳошимин» (2:5) гол сар доданаш ба муҳлати ду сол аз футбол маҳрум кард.

Ба чунин муҷозот ҳамдастаи Нхут-муҳофизатгар Хюин Куанг, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ветнам 45 бозӣ гузаронидааст, низ гирифтор шуд. Ба ғайр аз ин ду бозингар сармураббии дастаи «Донгтам Лонган» ва президенти клуб ба муддати 3 сол аз фаъолият дар футбол  дур карда шуданд. Клуби «Донгтам Лонган» -ро низ ҷазо дода,  ба маблағи 6,6 ҳазор евро ҷарима бастанд.

19 феврал дарвозабони дастаи «Донгтам Лонган» Нгуен Мин Нхут  хатои довари майдонро сабаб шуморида, аз меҳмони худ –дастаи «Хошимин» дидаю дониста ба дарвозааш се гол сар дод.

Вохӯрии даври навбатии Чемпионтаи Ветнам бо ширкати дастаҳои «Донгтам Лонган» ва «Ҳошимин» то дақиқаи 90-ум мусовӣ- 2:2 идома дошт. Дар ҳамин вақт довар ба дарвозаи дастаи мизбон -«Донгтам Лонган» зарбаи 11-метраи шубҳанок таъйин кард. Дарвозабон аз ин қарор сар печида, пушташро ба иҷрокунандаи зарбаи пеналтӣ гардонд ва боз то анҷоми вақти иловашуда ба муҳофизатгар имкон дод, ки ҳарифон ба дарвозааш ду голи дигар зананд.

Бозӣ бо ғалабаи дастаи «Ҳошимин» бо натиҷаи 5:2 ба анҷом расид. «Донгтам Лонган» дар зинаи 14 ва «Ҳошимин» дар зинаи 8-уми Чемпионати Ветнам қарор доранд.

Февраль 25, 2017 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд