Боздиди ҷавонон-ёрдамчиёни милитсия аз шуъбаи корҳои дохилӣ
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади шиносоии наздик аз фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байниякдигарӣ боздиди ҷавонон-ёрдамчиёни милитсияро ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷавонон бо шароити корӣ, варзишӣ ва рафти хизматбарии кормандони милитсия аз наздик шинос шуда, бо онҳо дар мавзӯъҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, натиҷаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дигар мавзӯъҳои дахлдор ҳамсуҳбат шуданд.
«Вохӯрии мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия ва тақвият бахшидани ҳамкории ҷомеа бо милитсия баргузор гардид»,- хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






