Бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олӣ

Февраль 16, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Ҳасанзода ва Рошиддин Қамарзода аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардиданд.
Дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ҳамзамон ба пешниҳоди Президенти кишвар дар бораи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мавлуда Қаландарзода, инчунин дар бораи интихоб намудани Рошиддин Қамарзода, Исроил Мирзозода ва Маҳмадисо Саидзода ва бозхонд намудани Наим Мансурзода аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият доданд.

Февраль 16, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд